Ҷараёни имтиҳони қабул дар Донишгоҳи Хоруғ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар Донишгоҳи давлатии ба номи Назаршоҳ Моёншоеви шаҳри Хоруғ имтиҳоноти қабул идома доранд. Дар ин ҷо дар арафаи 20- солагии таъсиси Донишгоҳ довталабон аз рӯи 20 ихтисос, аз ҷумла идораи иқтисодӣ ва сармоягузории хориҷӣ, сайёҳӣ-меҳмондорӣ, идораи маҳаллӣ ва марказӣ, омодагӣ ба дифои ҳарбӣ, ки 50 дарсади ин ихтисосҳо соли ҷорӣ ташкил шудаанд, имтиҳон месупоранд. Барои нигоҳдории шаффофият ҳангоми воридшавӣ ба имтиҳони қабул дар қабулгоҳи донишгоҳ таҷҳизоте, ки нақши ангушти инсонро муаяйн намуда, вобаста ба он ҳамаи маълумоти довталабро рӯи кор меоварад, насб гардидааст. Бояд гуфт, ки теъдоди довталабон имсол ба 1178 расид, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 135 нафар зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






