Ҷараёни кишти такрорӣ дар кишвар
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии кишвар кишти такрории зироати кишоварзӣ идома дорад. Мувофиқи нақша дар ҷумҳурӣ 78730 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад, ки баробари 96,9 фоизи нақша мебошад. Инчунин 31413 гектарро зироати ғалла, 13809 гектарро ҷудоримакка барои дон, 6853 гектарро шолӣ, 11751 гектарро дигар намуди ғалла ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар майдони 443 гектар картошка, дар 6738 гектар сабзавот, дар 2168 гектар полезӣ, дар 1675 гектар зироати техникӣ ва дар 32889 гектар хӯроки чорво кишт шудааст.Кишоварзони вилояти Хатлон соли ҷорӣ тибқи нақша дар майдони 45895 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ҷуворимакка барои дон, шолӣ, сабзавот, картошка, полезӣ ва зироати хӯроки чорво гузарониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






