Ҷашнвораи филмҳои Би-Би-Си дар Тоҷикистон

Август 23, 2012 13:43

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ба ифтихори 20-солагии фаъолияти хизматгузории ҷаҳонии Би-Би-Си дар Тоҷикистон аз 30 август то 2 сентябр дар шаҳри Душанбе намоиши филмҳои мустанад дар таҳияи Би-Би-Си доир мешавад.Ин ҷашнвора дар Хонаи синамои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бо ибтикори Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-Би-Си доир мешавад. Барнома шомили панҷ филми мустанад ба забони форсӣ буда, онҳоро бахши форсии Би-Би-Си таҳия кардааст.Дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора филмҳои «Фарзандони Ленин» дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон баъд аз 20 соли истиқлол, «Ҷони Дилафрӯз» дар бораи донишманди маъруф, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, «Умари Хайём: сафаре ба Эрон барои кашфи дубораи шоири порсигӯ», «Духтарони писарпӯш: дар бораи нақши занон дар Афғонистон» ва «Ислом дар Амрико», дар бораи ивазшавии зиндагии мусулмонони амрикоӣ пас аз амали террористии 11 сентябр намоиш дода мешавад.Намоиши бархе аз ин филмҳо дар шаҳри Хуҷанд низ ба нақша гирифта шудааст.Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-Би-Си ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дарҳои ҷашнвораи филми Би-Би-Си барои ҳама боз аст ва изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдом «барои эҷоди иртибот бо бинандагон ва шунавандагон, шунидани назарҳои онон ва дарки ин нукта, ки мо чӣ гуна метавонем барои мухотабони худ дар Тоҷикистон беҳтар хидмат кунем, заминаи мусоид фароҳам созад».Дар поёни ҷашнвора дар Хонаи синамо консерти ройгони Далер Назаров, овозхони маъруфи тоҷик, ки аз оҳангҳояш дар филми «Фарзандони Ленин» истифода шудааст, баргузор хоҳад шуд.

Август 23, 2012 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд