Ҷону молатонро аз сӯхтор эмин доред!
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз соати 03:48 дақиқаи шаб дар Маркази савдои хусусии «Ҳоҷиён», воқеъ дар кӯчаи Борбад 4-и шаҳри Ваҳдат, ки ба соҳибмулк Сайдалӣ Ёрови 58-сола тааллуқ дошта, ба соҳибкорони алоҳида иҷора дода шудааст, сӯхтор рух дод. Бо қабули бонги хатар фавран ба ҷойи ҳодиса 5 адад мошини оташнишонӣ аз шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сафарбар шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон оташ аллакай дар масоҳати 360 метри мураббаъ 3 мағоза ва 1 ошхонаро фаро гирифта, хатари ба дигар нуқтаҳои савдову иншоот паҳншавии алангаи оташро ба миён оварда буд. Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти фаврию наҷотдиҳӣ аз тарафи оташнишонон ба маблағи 400 ҳазор (400 000) сомонӣ нуқтаҳои савдо ва молу мулки соҳибкорон аз нобудшавӣ эмин дошта шуд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарари расида аз сӯхтор ба 619 ҳазору 200 сомонӣ баробар аст. Нисбат ба ин ҳодиса тафтишот бурда шуда, сабаб ва гунаҳгор муайян мешавад.Дирӯз ҳамчунин тахминан соати 16:50 дақиқа дар ҳавлии шаҳрванд Абдуллохон Давлатхуҷаевич Шарифови 60 сола, сокини деҳаи Қизил-Суи ноҳияи Фархор дар масоҳати 338-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа болопӯши хона сӯхта нобуд шуд. Сабаби сар задани сӯхтор вайрон кардани қоидаҳои васлкунии таҷҳизоти барқӣ буда, зарари расонидашуда 15 860 сомониро ташкил медиҳад.Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД-и кишвар шумораи сӯхторҳо дар нимсолаи соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта то 10, 7 % ё 59 ҳолат кам гардидааст.Новобаста аз чорабиниҳои пешгирикунанда дар ин давра дар натиҷаи сӯхтор 17 нафар ҳалок шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ду нафар зиёд буда, аз онҳо 10 нафарашон ноболиғанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






