18 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 23 то 26 август дар шахри Таллини Эстония мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи таэквон-до байни ҷавонон ва собиқадорон баргузор гардид, ки дар он беш аз 800 нафар варзишгарони 60 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Тавре ки дар Федератсияи таэквон-дои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастаи кишвари мо дар ин мусобиқот 5 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ ба даст оварда, байни дастаҳои ҷавонон ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ҳамчунин пеш аз мусобиқот конгресси Федератсияи байналмилалии таэквон-до баргузор гардида, дар он ҷараёни мусобиқоти Осиё оид ба ин намуди варзиш, ки аз 25 то 29 апрел дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, ба дараҷаи баланд арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






