30 млн. зарари тасарруфи молу мулк баргардонида шуд

Август 7, 2012 08:49

Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Фаъолияти судҳои шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол беҳтар мегардад, онҳо фаъолияти худро дар доираи татбиқи кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат ба роҳ мондаанд,- иброз дошт раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби судҳои марҳилаи якум, апеллятсионӣ, кассатсионӣ ва назоратӣ 57 ҳазору 588 адад парвандаи ҷиноӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ҳамчунин дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардид. Дар ин давра судҳо аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк (аз тариқи маблағҳои пулӣ), товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ ва дигар ҷиноятҳо, инчунин дар асоси даъвоҳои прокурорҳо нисбат ба ҷиноятҳои иқтисодие, ки аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва инфиродӣ содир шудаанд, ба андозаи 30 млн.168 ҳазору 206 сомонӣ ва 82 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ба фоидаи давлат рӯёниданд ва ин нисбат ба соли 2011 қариб сад маротиба зиёд аст.

Август 7, 2012 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад