33 ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи 31 нафар корманди мақомоти корҳои дохилии ҶТ 33 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат кам мебошад.Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2012 нисбат ба ин масъала изҳори нигаронӣ намуда афзуд, ки агарчӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ва шумораи кормандони ҷинояткор 9 нафар кам гардидааст, вале ин моро қонеъ намегардонад.Ба сабаби зуҳури чунин ҳолатҳо 153 нафар корманд бо сабабҳои манфӣ барои вайрон намудани шартҳои қарордод, 57 нафар барои содир намудани амале, ки ба шаъну шарафи корманди мақомот доғ меорад, 61 нафар барои вайрон намудани интизоми хизматӣ ва 7 нафар баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






