Афзоиши истеҳсоли маводи сохтмон
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳуриии Тоҷикистон 46,5 млн. дона хишт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,3 млн. дона зиёд мебошад, аз ҷумла 294,1 тонна андоваи минералӣ (ғӯрагаҷ), 39,7 ҳазор тонна қуми квартсӣ, 175 ҳазор м2 шиша, 131,8 тонна ранг, 7,5 ҳазор тонна гаҷ, 1 зиёд истеҳсол шудааст. Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Силкоат Бойл» 11,2 маротиба, «Кошин» 6,4 маротиба, «Коваи Истаравшан» 3,8 маротиба, «Ободкори Ҳуҷанд» 2,7 маротиба, «Сангрезаи Шаҳринав» 169,7 %, «Розияи Сангрез» 166,3 %, «Далер» 134,6%, «Комбинати масолеҳи бинокорӣ»-и шаҳри Исфара 124,9 % суръати афзоишро таъмин кардаанд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2012 «Дар барои тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» соли ҷорӣ дар соҳаи маводи сохтмон 30 корхонаи хурду миёна бо таъсиси 1921 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз 14 корхона ба истифода дода шуда ва 508 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






