Афзоиши корхонаҳои саноатӣ

Август 1, 2012 13:36

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амалкунанда идома дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2012 «Дар бораи тасдиқи нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» дар соли 2012 дар соҳаи маводи сохтмон 30 корхонаи хурду миёна бо таъсиси 1921 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз аз он 11 корхона ба истифода дода шуда, 487 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Бо иштироки Сарвари давлат моҳи июни соли равон дар шаҳри Чкалов корхонаи коркарди санг- ҶДММ «Элегант» бо иқтидори солонаи 10 ҳазор метрии мураббаъ дар як сол ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 25 нафар бо кор таъмин гаштанд. ҶСП «Заводи қубурҳои асбестӣ» истеҳсоли намуди нави масолеҳ- бомпӯши сементии рангаро ба роҳ монда, 6 ҳазор дона бомпӯш истеҳсол кардааст.Бо мусоидати Вазорати энергетика ва саноат дар корхонаи шишабарории ш. Қайроққум истеҳсоли зарфи шишагӣ ва бонка ба роҳ монда ва дар ин давра 200 ҳазор дона зарфҳои шишагӣ ва 770 ҳазор дона бонка истеҳсол шудааст. Ҳамчунин 50 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Дар ҷумҳурӣ дар айни замон 7 корхонаи хурду калони семент, 81 корхонаи хишт, 53 корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 6 корхонаи коркарди санг, 6- тоӣ корхонаҳои хурди истеҳсоли оҳак, гаҷ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд. Шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар соҳа 5431 ададро ташкил менамояд, ки аз ин 309 тоашро ҷойҳои кории барқароршуда ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли 2012 дар саноати маводи сохтмон 11 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 487 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Август 1, 2012 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!