Афзоиши моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар». Фирӯза Давлатова).- Моҳипарварӣ дар кишвар нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2011 15 фоиз зиёд гардидааст, ки дар 2012 2,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 37,6 фоиз, намуди пешониғафси сафед 12,5 фоиз, зағорамоҳӣ 49,9 фоиз, сайди моҳӣ дар умум 195,1 тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 114,1 гектар ҳавзи моҳипарварӣ сохта шудааст, ки 103,6 гектар дар вилояти Хатлон, 0,7 гектар дар вилояти Суғд ва 9,8 гектари он дар ноҳияи Ваҳдат мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки хароҷоти истеҳсоли хоҷагиҳо барои парвариши моҳӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ 1129,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






