Афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). -Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2012 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 3724,4 млн. сомониро (бо нархҳои ҷорӣ) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 6,5 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 1641,5 млн. сомонӣ ё ки 6, 5 фоиз зиёд шудааст. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 372254 тонна ғалла, 162970 тонна картошка, 241988 тонна сабзавот, 93249 тонна полизӣ, 46118 тонна меваҷот ва 1313 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2011 полезӣ 10 фоиз, меваҷот 23,8 фоиз ва ангур 19,3 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин дар заминҳое, ки ҳосили зироат ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрории зироат сар шуд. То 1 июли соли 2012 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар 37685 гектар замин кишти такрории зироат гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давра соли гузашта 6 фоиз кам аст. Тибқи маълумот то 1 июли соли 2012 дар ҳамаи хоҷагиҳо саршумори чорвои калон 2003,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,3 ҳазор сар ё 4,6 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 193,7 ҳазор сар ё 4,2 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,2 фоизи чорвои калон ва 81,5 фоизи гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд ва гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 54750 тонна ё 6,7 фоиз, истеҳсоли шир 290130 тонна ё 5,5 фоиз ва истеҳсоли тухм 134136 ҳазор дона ё 9,7 фоиз зиёд истеҳсол шудааст. Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ муайян намудаанд, ки 152140 тонна хӯроки дурушт (ба ҳисоби воҳиди хӯрокӣ) захира шудааст, ки 24 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






