Амалиёт барои «Ҳавои соф»
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист якмоҳаи амалиёти «Ҳавои соф» идома дорад. Ҳадаф аз баргузории ин тадбир санҷиши мутобиқати газҳои ихроҷшаванда аз нақлиёт ба меъёрҳои муқараршуда ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо нисбати тозагии ҳавои атмосфера, аз ҳама муҳимаш баланд бардоштани маърифати экологии ронандагон ва сокинон дар ин самт мебошад.Кормандони шӯъбачаи милитсияи экологии Раёсат то ин муддат дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Чкалов беш аз 300 нақлиётро мавриди санҷиш қарор додан ва 30 нафар ронанда барои ифлос кардани муҳит ҷарима шуданд. Амалиёти «Ҳавои соф» дар миқёси вилояти Суғд то охири моҳ давом мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






