Амалиёти “Бачаҳо”-танҳо барои бачаҳо!
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки аз 25 август то 3 сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар амалиёти “Бачаҳо” гузаронида мешавад. Мақсад аз ин амалиёт пешгирии фалокатҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо мебошад. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз падару модарон, омӯзгорон, пиёдагардон ва ронандагон хоҳиш менамояд, ки кӯдакону наврасонро дар кӯчаву роҳҳои мошингард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо оддитарин қоидаи ҳаракат дар роҳҳоро омӯзанд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






