Амрияи Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Август 3, 2012 09:18

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдам Тағоймуродов, дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2012 ҷиҳати пешниҳод накардани мавод оид ба ташкили нархи фурӯши маводи сӯхт, тибқи муқаррароти қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар хусуси вайронкунии моддаи 14-и Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол», нисбат ба ҶДММ «Нури Дилшод», ҶДММ «Аноҳито», ҶДММ «Умед-88», ҶДММ «Ойл трединг», Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Фароз» ва ҶДММ «Зет Газ» парванда оғоз карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ воридоти маводи сӯзишворӣ асосан тавассути се ширкати калонтарин: «Газпром нефти Тоҷикистон» ба андозаи 45510,6 тонна ё 57,8 фоизи маҳсулоти нафтӣ, «Нури Дилшод» ба миқдори 2435,5 тонна, «Умед-88» 3503,2 тонна, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти ҶТ 6127,45  тонна ва дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ ба миқдори 21085,7 ё 26,8 фоизи маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Ҷамъи маҳсулоти воридшудаи нафтӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 78 ҳазору 624 тоннаро ташкил дода, аммо аз ҷониби ширкатҳо ташкили нархи фурӯш ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод нагардид. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбат ба ин қонуншикании ширкатҳо амрия қабул намуда, барои иҷро ба ширкатҳо пешниҳод намуд.

Август 3, 2012 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд