Андрей Шишковский- директори нави «ТТ мобайл»

Август 14, 2012 14:33

Душанбе,14 август. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Бо қарори Шӯрои директорони ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ мобайл» Шишковский Андрей Юрюевич директори иҷроияи «ТТ мобайл» таъйин гардид. Дар ин бора аз ҶСП «ТТ Мобайл» иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки Андрей Шишковский дар ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2008 ба сифати директори молиявӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуда, фаъолияти ҳирфаӣ ва роҳбарии муваффақонаи лоиҳаҳо, ҳамчунин лаёқати таҳлили воқеият ва қабули саривақтии қарорҳои муносиб ӯро ба ин вазифа овардааст.Пешрафти «МегаФон-Тоҷикистон»-ро дар бозори мобилии Тоҷикистон ба фаъолияти Андрей Шишковский рабт дода, аз ӯ ҳамчун бунёдгузори технологияи насли сеюми алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ном мебаранд. Дар давраи роҳбарии Андрей Шишковский мизоҷони интернетии ширкат чор маротиба афзоиш ёфтааст. «МегаФон-Тоҷикистон» дар бозори телекоммуникатсияи кишвар ҳамчун ширкати навовар эътироф шудааст. Аз ҷумла, соли 2011 ин ширкат дар як қатор истгоҳҳои базавии худ дастгоҳи иловагии нерӯи барқро насб намуда, нахустин бор дар Тоҷикистон технологияи муосири алоқаи LTE-ро ҷорӣ намуд.Лоиҳаҳои мазкур тавасcути иштироки фаъолонаи Андрей Шишковский амалӣ гардида, дар натиҷа «МегаФон-Тоҷикистон» ҳамчун ширкати дорои муштарии зиёд шинохта шуд.

Август 14, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад