Армуғон ба соли нави таҳсил
Исфара, 22 август.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Соли нави хонишро 240 нафар толибилми деҳаи Сурхи шаҳри Исфара дар мактаби нав оғоз менамоянд. Дар маркази деҳа сохтмони мактаби нави дуошёна ба охир мерасад. Бинокорони «Ширкати сохтмони Исфара» васлу насби хатти барқ ва корҳои ободонии ҳудуди мактабро анҷом медиҳанд. Мактаби нав аз буҷаи вилоят дар ҳаҷми 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, ба ҷуз ҳашт синфхона, инчунин дорои синфи компютерӣ, устохонаи дуредгарӣ, устохонаи дӯзандагӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасони таълимист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






