«Авитсена»-истеҳсолгари доруҳои худӣ
Бадахшон, 23 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Авитсена»-и ВМКБ соли 2003 ба фаъолият оғоз намуда, то имрӯз дар ҳифзи саломатии омма саҳми арзанда мегузорад. Тавре ки директори корхона Нигина Ватанбекова иброз дошт, агар то соли 1995 дар ин ҷо 16-18 намуди доруворӣ истеҳсол мешуд, имрӯз корхона қудрат дорад, ки 48 намуд доруҳои гуногунро пешкаши мизоҷон кунад. Ин корхона бо маҳсулоташ дар чандин намоишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карда, сазовори чанд ифтихорнома шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






