Аз Хоруғ баровардани афсарону сарбозон оғоз гардид

Август 13, 2012 15:18

Хоруғ, 13 август. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Тавре ки аз дафтари матбуоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, аз шаҳри Хоруғ баровардани ҷанговарони Артиши миллӣ оғоз гардид. Рӯзи 10 — уми август як гурӯҳ афсарону сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, ки ба хотири мӯътадил гардонидани вазъи шаҳри Хоруғ сафарбар шуда буданд, ба мавзеъҳои мустақари қаблии хеш баргаштанд. Ин нерӯҳо аз 23 – июл то 10 август дар маркази вилоят мустақар буданд.  Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал – лейтенант Шералӣ Хайруллоев иброз дошт: «мо дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ ва худи мардуми Бадахшон тавонистем, ки вазъи Хоруғро мӯътадил гардонем». Вазири мудофиа инчунин изҳор дошт, ки то ба имрӯз садҳо адад аслиҳа, аз қабили автомати Калашников, пулемёт, камонҳои снайперӣ, тиру туфанги гуногун ва садҳо кг маводи тарканда ба таври ихтиёрӣ супорида шуд.

Август 13, 2012 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд