Ба нозирони минтақавии милитсия шароит фароҳам омад

Август 31, 2012 09:10

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, фароҳам овардани шароити корӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, беҳтар намудани фаъолияти онҳо ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ роҳбарияти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон яке аз аввалинҳо шуда, тамоми нозирони минтақавии милитсияи ноҳияро бо таҷҳизоти зарурӣ, утоқҳои кориву воситаҳои алоқа, нақлиёту компютер, мизу курсӣ, дар минтақаҳои кӯҳӣ бо асп ва умуман шароити хуби корӣ таъмин намуд.Раиси ноҳияи Ҷомӣ Акрам Сулаймонов дар фазои идона утоқҳои кории нозирони минтақавии милитсияро супорида, гуфт ки нозирони минтақавӣ аз ҳама бештар бо аҳолӣ ҳамкории зич дошта, аз шароити зиндагӣ ва сабабу омилҳои содиршавии ҷиноят огоҳии хуб дошта, дар пешгирии он нақши муаассир доранд. Беҳтар гардидани шароити кории онҳо метавонад дар ошкор ва пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва ҳодисаҳои нохуш таъсири ҷиддӣ расонад.Зимни боздид аз нуқтаҳои хизматии нозирони минтақавии милитсияи ҷамоатҳои деҳоти Яккатут, Калинин, Ифтихор, Дӯстӣ, Арал ва дигар минтақаҳо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов зикр намуд, ки бар ивази ғамхориву дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат ва ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳия нозирони минтақавии милитсияро зурур аст, ки вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва баҳри пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва бахусус гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу равияҳои экстремистӣ, ҷалби онҳо ба ҷинояткорӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ, ишғоли ғайриқонунии заминҳои обии кишоварзӣ ва сохтмони ғайриқонунии манзилҳои истиқоматӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

Август 31, 2012 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад