Бахтиёри “Субҳи ҷавонии ман” аз олам даргузашт
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шамс Ҳайдаров, ҳунарманди тоҷик дирӯз, 8 августи соли ҷорӣ дар синни 58- солагӣ, ки тӯли чанд соли охир аз бемории гурда ранҷ мекашид, дар шаҳри Маскав оламро падруд гуфт. Ин ҳунарманди тоҷик баъд аз солҳои 2000 ба пойтахти Русия рафта, то охирин лаҳзаҳои умраш дар ин шаҳр зиндагӣ мекард.Ш. Ҳайдаров дар тӯли фаъолияташ дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақш бозидааст. Вай аз ҷумла нақши Бахтиёрро дар филми “Субҳи ҷавонии ман” соли 1979, нақши Самадро дар филми “Имрӯз ва ҳамеша” соли 1982 ва нақши Саидро дар филми “Нигоҳи шод” дар сатҳи олӣ иҷро намуда, миёни мардум шӯҳрати зиёдро касб карда буд. Ҳамчунин марҳум тайи чанд сол вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






