Баистифодадиҳии 200 иншооти ҷашнӣ дар Суғд
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд омодагӣ ба чорабиниҳои сиёсӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сохтмони 78 ҳазору 475 метри мураббаъ иншооти манзилӣ анҷом дода шуда, даҳҳо километр хатти оби нӯшокӣ таъмир шудааст.Ҳамчунин зиёда аз 30 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят мумфарш шуда, то таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор дода мешавад.Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми корҳои пудратии то имрӯз иҷрошуда беш аз 128 миллион сомониро ташкил медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






