Барқияи шодбошии Э.Раҳмон ба А.Отамбаев

Август 31, 2012 17:00

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович,Аз самими қалб Шумо ва ҳамаи халқи Қирғизистонро бо солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон табрик менамоям. Тоҷикистон ният дорад баҳри истифодаи иқтидори ғании муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои мо, ки робитаи онҳо решаҳои амиқи таърихиро дорост, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳад. Ман аминам, ки ҳамкории байни давлатҳои мо минбаъд низ ба манфиатҳои халқҳои мо дар роҳи сулҳу субот ва пешравӣ ба таври рӯзафзун рушд меёбад. Бо истифода аз ин фурсати муҳим ба Шумо, мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломативу комёбиҳо ва ба халқи дӯсти қирғиз сулҳу беҳбудӣ таманно дорам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 31, 2012 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд