Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба М. Аҳмадинажод
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Бо камоли андӯҳ ва даҳшат хабари заминларзаи фоҷеабори дар шимоли Эрони дӯст рухдодаро, ки мӯҷиби садҳо тан талафоти ҷонӣ ва ҳазорҳо захмӣ гаштааст, дарёфт намудам. Ба намояндагӣ аз мардуми Тоҷикистон маротиби тасаллият ва ҳамдардии хешро барои қурбониёни ин ҳодиса иброз намуда, барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонам. Парвардигор дар ин моҳи муборак гузаштагонро бо раҳмату мағфирати хеш фаро гирад ва наздикону азизони бозмондаро нерӯву тавон бибахшад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






