Баргузории чорабинии мақсадноки “Бачаҳо” дар Душанбе
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт миёни кӯдакону ноболиғон ва оғози соли нави хониши 2012-2013 аз 25 август то 3 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе чорабинии мақсадноки “Бачаҳо” гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ Ховар Шерафган Латифов, сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани он нақшаву чорабиниҳои махсус тартиб дода шудааст. –Аз ҷумла , бахшида ба рӯзи дониш дар ҳафт мактаби шаҳри Душанбе, афсарони шӯъбаи БДА, ротаи хадамоти роҳбонӣ ва бахшҳои БДА-и шаҳри Душанбе сафарбар шуда, мақсади баргузории чорабини ба хонандагон фахмонида мешавад,-гуфт манбаъ. Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки кӯдакону наврасони то синни 16-сола, 56 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои расида бар асари ин садамаҳо 8 нафар ноболиғ ба ҳалокат расида, 52 нафари дигар ҷарроҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз микдори умумии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар давоми 7 моҳу 20 рӯзи соли равон, 31 ҳодиса бевосита бо иштироки хонадагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ рух дода, 5 нафар ба ҳалокат расида, 30 нафари дигар бо ҷарроҳатҳои гуногун дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






