Баргузории форуми ҷавонони кишварҳои узви СҲШ

Август 28, 2012 15:51

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз 16 то 25 августи соли 2012 дар шаҳри Пекин ва ноҳияи Мухтори Уйғуру Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин форуми ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир гардид.Дар чорабинӣ 100 нафар намояндаи ҷавонони 5 кишвари аъзои СҲШ: Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Чин иштирок намуданд. Кишвари моро дар форум ҳайати 20 нафараи ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова муаррифӣ намуданд. Дар доираи форум дар асоси барномаи тарҳрезигардида машваратҳо, вохӯриҳо, муаррифии фаъолияти мақомоти кор бо ҷавонон ва васоити ахбори оммаи давлатҳои ширкаткунанда баргузор гардиданд. Ҷаласаҳо дар мавзӯъҳои соҳибкории ҷавонон, шуғл ва бекорӣ, рушди ташкилотҳои ҷавонон, ВАО ва ҷавонон доир гардиданд, ки дар он намояндагони ҷавонон вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ марбут ба соҳаи ҷавонон, дастовардҳои ҷавонон дар 21 соли истиқлолияти давлатӣ, иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ, илмию маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, варзишию оммавӣ дар кишвар ва берун аз он маълумоти пурра доданд. Ҳамзамон дар доираи чорабиниҳо намояндагони мамлакат оид ба таъриху тамаддуни бойи кишвар ва анъанаҳои аҷдодии мардуми тоҷик мубодилаи афкор намуданд. Инчунин дар доираи чорабиниҳо мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ бо муовини раиси Федератсияи умумичинии ҷавонон, раиси ҳукумати ноҳияи мухтори Уйғуру Шинҷон ва муовини котиби генералии Иттифоқи коммунистии ҷавонони ҶХХ доир гардиданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти сиёсати ҷавонон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, омӯзишӣ ва варзишӣ сухан гуфтанд. Дар ҷараёни сафар ҳайати намояндагони ҷавонони кишварҳои узви СҲШ аз якчанд корхонаи истеҳсолию саноатӣ, девори бузурги Чин, шаҳри қадимаи Пекин, маркази таълимиву фароғатӣ барои сустбиноён, донишгоҳи Шинҷон, осорхона ва кӯли калонтарини Чин-Тян-Шон дидан намуданд.Кулли иштирокчиёни форум аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таассуроти нек ба Ватан баргаштанд.Бояд қайд кард, ки иштироки намояндагони ҷавонони Тоҷикистон дар ин чорабинӣ дар равобити босамари ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи боэътимод мегузорад.

Август 28, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад