Баррасии ҳолати кунунии бахши алоқаи Тоҷикистон
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов Президенти ширкати «ТелиаСонера» Ларс Нюбергро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сохторҳои бахши алоқаи Тоҷикистон бо ширкати «ТелиаСонера», ки дар бозори ҷаҳонии алоқа ва интернет мавқеи хоссаи худро дорад, баррасӣ шуд. Тавре ки таъкид шуд, ширкати «ТелиаСонера» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ва хизматрасонии интернетӣ фаъолияти густурда дошта, аз муассисони асосии ширкати мобилии «Тсел» ба ҳисоб меравад. Дар мулоқот доир ба фароҳам овардани шароити зарурии алоқаи мобилӣ ва интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифта, ба зарурати омода намудани мутахассисони ин соҳа аз ҷониби ширкати «ТелиаСонера» ва дигар ширкатҳои мобилии Тоҷикистон махсус таъкид шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






