Баррасии ҷиҳатҳои асосии талаботи СУС
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дутарафа байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Академияи Байналмилалии Стандартонӣ дар шаҳри Душанбе семинар ва тренингҳои 80-соата дар соҳаи таъминоти метрологии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва калибровкакунонӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар семинар ва тренингҳо ҷиҳатҳои асосии талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дар соҳаи стандартизатсия ва баҳои мутобиқат мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Чорабинии мазкур тибқи супориши Ҳукумати мамлакат дар бораи такмили системаи танзими техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар семинар ва тренингҳо мутахассисони хадамоти давлатии метрологии «Тоҷикстандарт», бахшҳои энергетикӣ, намояндагони озмоишгоҳҳои санҷишии корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






