Баррасии масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Душанбе, 01 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” 5 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд, ки дар он кормандони Раёсати nанзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” 8 июни соли 2007-ум баъд аз машварат бо аҳли ҷомеаи мамлакат ба тариқи муҳокимаи васеъ қабул гардид. Дар ин панҷ сол танҳо аз баргузории 5 маъракаи асосӣ- азодорӣ, тӯйҳои домодию арусӣ, маросими 40, сол ва хатна тақрибан 8 млрд. сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардид. Баъд аз қабули ин қонун ва тарзи ба роҳ мондани он таваҷҷӯҳи аксар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Озарбойҷон Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ин масъалаи мубрами рӯз зиёд гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






