Баррасии масоили иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷараёни рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибай Смагулов баррасӣ гардид.Аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот масоили баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, иҷрои қарордодҳои ҷаласаи пешини Комиссияи мазкур, фаъолияти Фонди сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон ва амсоли инҳо низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






