Баррасии масоили тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар ҷаласаи Шӯро

Август 9, 2012 16:29

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 10 августи соли равон, соати 10:00 дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии байнисоҳавии ҳамоҳангсози тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ҷаласа нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2012, ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» дар нимсолаи аввали соли 2012, тадбирҳои дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар системаи маорифи кишвар, танзими фаъолияти толорҳои видео, фурӯшгоҳҳои фиттаҳои видео, пешгирии намоиши филмҳое, ки мазмуни тарбиявӣ надоранд ва фаҳшу зӯровариро тарғиб менамоянд, таҳия ва пахши барномаҳои беҳтарини телевизионӣ ва радиоӣ дар бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон андешидашуда, натиҷагирӣ аз иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2012 ҷиҳати даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1985 – 1994 ба хизмати ҳарбӣ, роҳҳои мусоидат дар рушди ҳаракати ҷавонон-ихтиёриён вобаста ба ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ (даъвати навбатӣ) мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Август 9, 2012 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад