Баррасии такмили сохтори дифоии СПАД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Маскав нишасти фармондеҳони ситоди кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) оғоз гардид. Дар ин бора Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Тибқи иттилои Ф. Маҳмадалиев, дар нишаст сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи кишвар Рамил Нодиров ширкат дорад.Яке аз масъалаҳои нишаст такмили сохтори дифоии СПАД буда, аз ҷумла натиҷаи бозрасии ҷузъу томҳои зудамал ва нерӯҳои посдори кишварҳои узви ин созмон баррасӣ хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






