Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткории ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ» дар татбиқи лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар вилояти Хатлон» корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, лоиҳаи «Санҷиши технология ва намоишдиҳии он дар хоҷагиҳои деҳқонӣ»-и ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва Ёли ноҳияи Шӯрообод, қитъаҳои намоишдиҳии парвариши зироатҳои сабзавотию полезӣ ва навниҳолони дарахтони мевадиҳандаро дар ҷамоати Шоҳину Кӯлчашмаи ноҳияи Мӯъминобод ташкил доданд, ки дигар хоҷагидорон аз он чун Маркази таҷрибавии омӯзиш ва парвариши сабзавоту меваҳо, истифода мебаранд,- иброз намуд президенти Академияи кишоварзии ҶТ Ҳикматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти академик Ҳ. Аҳмадов, доир ба иҷрои дигар лоиҳаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар ноҳияи Ҷиргатол парвариши тухмии картошка бо усулҳои босамар ба роҳ монда шуд, ки танҳо баъди ҷамъоварии ҳосил ба он баҳои илмии асоснок дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






