Боло бурдани маърифати сиёсии ҷавонон
Б.Ғафуров, 15 август. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Бо дастгирии молиявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни ҷавонони фаъоли ҷамоату деҳоти ноҳия дар самти фаъолнокии сиёсии ҷавонони деҳот семинарҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд. Семинарҳои омӯзишӣ дар 12 ҷамоати деҳоти ноҳия бо иштироки 288 нафар фаъолҷавонон баргузор гардида, қисми фаъоли ҷавонони деҳотро ба ҷараёни таҳкими демократия ва густариши принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб менамоянд. То имрӯз дар 5 ҷамоати ноҳия- Ёва, Овчиқалъача, Ғозиён, Хистеварз ва Исфисор семинарҳои омӯзишӣ баргузор шуданд. Мақсади семинарҳои омӯзишӣ ҷалби қисми фаъоли ҷавонон ба ҷараёни таҳкими демократия ва густариши принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дарёфт ва тарбияи пешвоёни ҷавон, таъсиси механизмҳои ҷалби табақаҳои мухталифи ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва маҳалгароӣ, дар рӯҳияи миллӣ, ватанпарастӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги аҷдодӣ, арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимҷон Зоҳидов хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






