Боздиди Э.Раҳмон аз шаҳрҳои Ободон ва Руҳободи Туркманистон

Август 25, 2012 09:38

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Хоавр»).- 24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ободони Туркманистон ташриф оварда, ҳамроҳ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ифтитоҳи навбати дуюми як корхонаи бузурги ресандагӣ иштирок намуд.Чунонки иттилоъ дода шуд, дар ду навбати ин корхона, ки солона аз 6650 тонна нахи пахта то 4870 тонна ришта истеҳсол мекунад, наздики 1200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.Зимни шиносоӣ бо кори корхона ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноати сабуки шаҳри Ободон, аз ҷумла зикр гардид, ки тамоми пахтаи дар Туркманистон истеҳсолшаванда дар дохили кишвар коркард мешавад ва наздики 90% маҳсулоти тайёри саноати нассоҷӣ ба хориҷа содир мегардад.Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Руҳобод ташриф оварда, дар маҷмааи байналмилалии варзиши аспӣ бо дастовардҳои варзишгарони аспсавори туркман аз наздик шинос шуданд.Тавре аён гардид, ин маҷмаа аз сирки аспсаворон, толори паридани аспҳои хушхиром аз болои монеаҳои баланд, майдони бузурги пойгаҳ ва намоишгоҳи навъҳои хушзоти ин ҷонварони зебою нозуктабиат иборат аст. Бештари аспҳое, ки дар ин ҷо зебогӣ ва ҳунари волояшон бо аспсаворони чусту чолок ба намоиш гузошта шуд, аз зоти дар ҷаҳон машҳури туркманӣ «Ахалтегин» мебошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Август 25, 2012 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад