Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз «Баракати шири Ёвон»

Август 4, 2012 12:57

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон аз комбинати «Баракати шири Ёвон» дидан намуд. Роҳбарияти корхона роҷеъ ба нақшаҳои истеҳсолӣ ва иқтидори мавҷудаи саноатии коргоҳ ба Сарвари Давлат маълумот доданд.Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақи бештари фаъолият ва бо сифати баланд тайёр кардани маҳсулоти ширӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Зикр шуд, ки бо мақсади коркарди маҳсулоти худӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ аз ҷониби ҶСП «Комрон Агро холдинг» корхонаи коркарди шир бо иқтидори 5000 литр шир дар як шабонарӯз ба маблағи 2,5 млн. доллари амрикоӣ фаъол кунонида шуд.Таъкид шуд, ки айни ҳол наздики 20 нафар корманд дар ин комбинат фаъолият дошта, дар сехҳои истеҳсолии дигар ин теъдод ба 40 нафар, ки сокинони маҳаллӣ мебошанд, расонида хоҳад шуд.Дар корхона даҳ намуди маҳсулот истеҳсол шуда, ҳама онҳо дорои сертификат мебошанд. Дар корхонаи мазкур коргарон бо хӯроки гарм таъмин буда, музди миёнаи маоши онҳо 450-500 сомониро ташкил мекунад. Бо супориши Эмомали Раҳмон аз 1-уми августи соли равон маоши кормандони коргоҳ 800 сомонӣ ва аз оғози соли нав ба 1000 сомони расонида мешавад.

Август 4, 2012 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард