Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Лондон

Август 15, 2012 09:01

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар»). — Имшаб расо соати 1:00 аз тариқи сайрхати Киев – Душанбе ҳайати варзишгарони тоҷик баъди иштирок дар Олимпиадаи 30- юми тобистонаи Лондон-2012 ба пойтахт фуруд меоянд. Имшаб ягона барандаи медали олимпиадаи имсола- варзишгари ҷавону ояндадор, боксчии умедбахши тоҷик Мавзуна Чориеваро ҳазорҳо мухлисону дӯстони қадрдонаш бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол мегиранд.Намояндагони тамоми воситаҳои ахбори омма низ ба истиқболи Мавзуна омодагӣ мебинанд. Нахустин нишасти матбуотӣ бошад бо натиҷагирӣ аз олимпиадаи Лондон пагоҳ, 16-уми август дар Китобхонаи миллӣ баргузор хоҳад шуд. Шоми ҳамон рӯз, яъне 16 август соати 20:00 дар боғи миллии пойтахт воқеъ дар гардиши Лучоб барномаи идона бо ширкати иштирокчиёни олимпиада, роҳбарияти шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар назар аст. Масъулин ин ҷашнро тантанаи бошукӯҳу хосса ба ифтихори дастоварди пурарзиши Мавзуна Чориева арзёбӣ мекунанд.

Август 15, 2012 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд