Бозиҳои параолимпӣ оғоз меёбанд
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Имрӯз дар шаҳри Лондон маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ХIV параолимпӣ баргузор мегардад. Барои омодагӣ ба ин маросим беш аз 15 ҳазор нафар ихтиёриён, аз ҷумла 1 ҳазору 500 нафар мактабиён сафарбар шудаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин бозиҳо варзишгари 30-сола Парвиз Одинаев иштирок мекунад. Номбурда дар мусобиқоти байни вазнбардорон, ки дар шаҳри Дубай баргузор гардида буд, ҳуқуқи қувваозмоӣ дар Бозиҳои параолимпиро пайдо намуд. Қувваозмоии варзишгари тоҷик ба 3 сентябр пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






