Бозомӯзии кормандони «Амонатбонк»
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Барои гузаштан ба тавозуни ягона Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» тасмим гирифт, то кормандони марказҳои хизматрасонӣ (оҷонсиҳо) барои пурра азхуд намудани барномаҳои гуногуни компютерӣ ҳафтае ду маротиба дар курсҳои махсуси такмили ихтисоси Вазорати маорифи ҶТ дарс гузашта, дониши худро такмил диҳанд. Бояд гуфт, ки дар маркази такмили ихтисос онҳо бештар аз барномаҳои компютерии Word,Exzel,Rs-bank дарсҳои амалию таҷрибавӣ гузашта, дар оянда барои кор кардан дар тавозуни ягона дониши худро такмил медиҳанд. Албатта, дар ин самт роҳбарияти бонк нақша дорад, ки дар як муддати муайян ҳамаи кормандони марказҳои хизматрасонии филиалҳои «Амонабонк»-ро ба омӯзиш дар ин марказҳо ҷалб намояд. Аз рӯи иттилои бонки мазкур, онҳо пас аз хатми курси такмили ихтисос ва супоридани имтиҳон соҳиби сертификати махсус мегарданд. Мӯҳлати таҳсил ин ҷо 3 моҳро дар бар мегирад ва гурӯҳ тайёрӣ ба имтиҳон супориро дорад. Раёсати бонк нақша дорад, то кормандони марказҳои хизматрасонӣ (оҷонсиҳо)-и навоҳии тобеи марказро низ рӯзҳои наздик ба ин курсҳо ҷалб намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






