Бозсозии Қасри Арбоб кай ба итмом мерасад?
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободонӣ ва бозсозии қасри «Арбоб» ба ин мавзеъ ташриф овард. Қ. Расулзода пеш аз ҳама ба раванди ободонии саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввораҳо мароқ зоҳир кард. Мазмуну мундариҷаи қасри «Арбоб»-ро дар тарҳи нав маҷмӯи осорхонаҳо пурра хоҳад кард. Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар бунёди осорхона ба сифати ҷамъоварии мавод, ҷобаҷогузории экспонатҳо ва тарзи равшанидиҳии бино таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шавад ва он бояд ба меъёрҳои байналмилалии осорхонадорӣ мутобиқ бошад. Дар ҷараёни бозсозии бинои асосии қаср мутахассисон бо назардошти арзиши бузурги меъморию таърихии офаридаҳои устоҳои пешина, кӯшиш кардаанд, ки нақшу нигор ва рангубори аслии сақф ва деворҳои онро барқарор намоянд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки қасри «Арбоб» симои таърихиашро нигоҳ дорад. Баробари таъкид ба вусъати сохтмони фаввора, чойхона ва ташкили осорхонаҳо, ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки дар мӯҳлати муқаррарӣ ба таъмир ва мумфаршкунии роҳ, аз шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров то даромадгоҳи қаср оғоз намоянд. Дар ин замина, васеъкунии роҳ ва дар канори он гузоштани овезаҳои таблиғотӣ, ҳамчунин чароғон сохтани кӯча бо усули замонавӣ дар назар дошта шудааст. Дар охир Қоҳир Расулзода ба мутасаддиёни сохтмон супориш дод, ки то 20 октябр иншоот комилан ба итмом расонида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






