Чанд хабар аз Бадахшон

Август 17, 2012 12:37

Маводи мухадир сӯзонида шудБадахшон, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар раёсати Агентии маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКД бо ҳузури нозирон, шахсони холис ва кормандони ин ниҳод 25 кг афюн, 15 кг ҳероин, 126 кг ҳашиш ва миқдори калони дигар намудҳои маводи мухаддир, ки аз қочоқчиён мусодира шудааст, ба коми оташ андохта шуд. Аз ибтидои сол то ин дам дар сарҳад ба Давлати Исломии Афғонистон аз қочоқчиён намудҳои гуногуни маводи мухаддир мусодира гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Хизматчии давлатӣ бояд мавқеъ дошта бошад.Бадахшон, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Воқеаҳои шаҳри Хоруғ ба бисёр чизҳо рӯшанӣ андохтанд, аз ҷумла ба интизом ва масъулият дар назди виҷдону вазифа. Дар машварате, ки ба ин муносибат дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, раиси ВМКБ Қодири Косим аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки одоби хизматии давлатиро дар фаъолияти корӣ ва интизоми меҳнатро риоя намуда, мавқеи шаҳрвандии худро муайян созанд. Қайд гардид, ки барои ҷалби кормандони нав ба дастгоҳи раиси вилоят бояд комиссияи нави озмунӣ ташкил гардад.  Ба тарбия бояд эътибор дод Бадахшон, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят мулоқоти вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов бо як гурӯҳ масъулини идораву муассисаҳои давлатӣ, ки ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғуланд, баргузор гардид.Вазири корҳои дохилӣ иттилоъ дод, ки дар давоми як ҳафта 600 адад силоҳ гирд оварда шуд, аммо ба қавли вазир дар дасти ҷавонон ҳанӯз силоҳи зиёд мавҷуд аст. Бинобар ин вазифаи асосии масъулини идораву муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони барӯманди маҳалла дар ин давраи ҳассос ин аст, ки ба ҷавонон фаҳмонанд, то силоҳи худро сари вақт ба ниҳодҳои қудратӣ супоранд.Масъулиятшинос бояд бошем
Бадахшон, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов дар як нишаст иттилоъ дод, ки Бозрасии давлатии автомобилии вилоят аслан вазифаи худро ба таври дуруст сомон намедиҳад. Ба гуфти вазир дар давоми даҳ рӯзи охир бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт бештар аз 600 мошин боздошт гардид. Шишаҳои сиёҳи 180 мошин пок карда шуд. Ин кор вазнин набуд, аммо кормандони бозрасӣ ҳамаи ин мошинҳоро ба ҳоли худ гузошта буданд- гуфт вазир.

Август 17, 2012 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд