Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сарбози хориҷиро ба ҳалокат расониданд Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои расонаҳои хабарӣ дар қисми шарқии Афғонистон боз 1 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расид. Ба гуфти сардори дафтари матбуоти нерўҳои НАТО дар Кобул ин сарбоз бар асари ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ба қатори мошини онҳо ҷон бохтааст. Бояд қайд кард, ки аз оғози соли ҷорӣ то кунун беш аз 270 сарбози хориҷӣ дар хоки Афғонистон бар асари амалҳои террористӣ ва дар ҷараёни набард кушта шудаанд. Автобуси мусофирбар ба коми оташ рафт Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар робита ба авҷ гирифтани муноқишаҳои қавмӣ дар иёлати Ассами Ҳиндустон садҳо нафар мачбур шуданд, ки тарки манзил намуда, ба ҷойҳои нисбатан ором кўч банданд. Ҳамчунин дар ҷараёни бархӯрдҳо як автобуси мусофирбар ба коми оташ рафт, ки бар асари он 4 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмҳои гуногун бардоштанд. Мувофиқи маълумоти хабарӣ сабаби ҳодиса то ҳол муайян нашудааст. Дар айни ҳол Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва кормандони корҳои дохилии мамлакат дар минтақаи мазкур фаъолият мебаранд. Намояндаи Комиссияи Аврупо чӣ мегӯяд? Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Намояндаи Комиссияи Аврупо иброз медорад, ки маблағи навбатии кўмаки молӣ ба Юнон то моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст. Бояд гуфт, ки масъалаи мазкур баъди эъломи хулосаи қарздиҳандагони хориҷӣ оид ба татбиқи нақшаи ислоҳоти ҳукуматдорони Юнон баррасӣ мешавад. Бо ин мақсад намояндагони сегона- Иттиҳоди Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Хазинаи байналмилалии асъор рўзҳои наздик бояд вориди Афина шаванд. Ба гуфти намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор онҳо барои аз вазъияти душвори иқтисодӣ раҳо кардани Афина ҳамаҷониба талош хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки бо вуҷуди кўшишҳои зиёд Юнон то моҳи сентябри соли равон имкони анҷом додани ислоҳоти иқтисодиро надорад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






