Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳамла ба мусофирбар Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар» ).-Дар қисми шимолии Покистон як нақлиёти мусофирбар мавриди ҳамла қарор гирифта, чанд нафар ба ҳалокат расидааст ва боқимондаҳо захмҳои гуногун бардоштаанд. Тавре ки вазири корҳои дохилии мамлакат мегӯяд: ин ҳодиса аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишини нерўҳои ҳарбию ҳавоии ИМА сурат гирифтааст. Кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Покистон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, нафарони захмбардоштаро ба дармонгоҳ интиқол доданд. Бояд қайд кард, ки давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини нерўҳои ҳарбию ҳавоии ИМА беш аз 200 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз чунин ҳодисаҳои номатлуб бештар ба аҳолӣ осеби вазнин мерасад. Тўфони шадид дар Амрико Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар» ).- Рӯз ба рӯз тўфони шадиди баҳрӣ ба штати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздик мешавад. Мутахассисони марказҳои ҳавошиносӣ макони хурўҷи тўфонро наздикии соҳилии уқёнуси Атлантика нишон медиҳанд. Ҳоло дар ин штат вазиши шамол дар як сония то 20 метрро ташкил медиҳад. Ҳавошиносон оқибатҳои тўфонро харобиовар арзёбӣ менамоянд. Обшавии пиряхҳо дар Арктика Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар Арктика обшавии пиряхҳо ба суръати рекордӣ расидааст. Ба гуфти мутахассисони ҳавошиноси Япония олимони кишвар дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти илмӣ чунин ҳолатро якумин бор муайян намудаанд. Олимон бар ин назаранд, ки дар давоми моҳи оянда эҳтимол обшавии яхҳо ва васеъшавии майдони масофаи яхҳо дар Арктика ба 400 ҳазор километри мураббаъ баробар гардад. Ба андешаи мутахассисон, дар сурати идома ёфтани баландшавии ҳарорати ҳаво ва тағирёбии иқлим, эҳтимол пас аз 90 фасли тобистон дар Арктика пиряхҳо ба пуррагӣ об шаванд.Болоравии арзиши маводи сўхт дар Италия Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар Италия арзиши маводи сӯзишворӣ боло рафта, нархи як литр бензин акнун ба 2 евро баробар аст. Ин ҳолат норозигии сокинонро ба миён овард. Ба гуфти расонаҳои хабарӣ, Италия аз рўи гаронии нархи сўзишворӣ дар байни давлатҳои Аврупо ҷой 2-юмро касб менамояд. Дар ҷои аввал Норвегия қарор дорад. Мувофиқи маълумоти иқтисоддонҳо ин ҳолат дар Италия бори аввал ба чашм мерасад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






