Чанд хабар аз ВМКБ
Натиҷаҳои ҳафтмоҳа ҷамъбаст шудандБадахшон, 9 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Рӯзи 8-уми август дар машварати васеи назди раиси ВМКБ Қодири Қосим натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар ҳафт моҳи соли равон ҷамъбаст гардид. Сардори раёсати иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев оид ба натиҷаҳои ҳафтмоҳаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят гузориш дода зикр намуд, ки дар кулли соҳаҳои асосии хоҷагии халқ тамоюли пешрафт ба назар мерасад. Буҷаи вилоят дар маҷмӯъ барзиёд иҷро гардид. Дар бахшҳои кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дар ин давра корҳои зиёд ба анҷом расид. Дар татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоиии вилоят дар давраи то соли 2015» қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ярмаркаи орд дар Бадахшон Бадахшон, 9 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Агентии захираҳои моддию давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ярмаркаи фурӯши орд ва маҳсулоти нониро ташкил намуд. Ин тадбири муҳим имкон дод, ки дар рӯзҳои барои сокинони шаҳр душвор таносуби нархҳо, бахусус дар бозори шаҳри Хоруғ нигоҳ дошта шавад. Дар ярмарка нархи орду маҳсулоти нонӣ бо нархи 15 фоиз аз бозор арзонтар ба фурӯш бароварда шуд. Салиби Сурх ба Хоруғ дору овардБадахшон, 9 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба бахши бадахшонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон доруворӣ ва маводи дигари табобатӣ ирсол намуд. Кӯмаки воридшудаи кумита ба касалхонаи вилоятӣ дастрас гардид. Эҳтиёҷмандон доруворию маводи табобатиро ба таври ройгон аз ин ҷо дастрас менамоянд.Намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар иброз доштанд, ки миқдори кӯмак зиёда аз як тоннаро дар бар мегирад. Ба ҷуз аз намудҳои гуногуни доруворӣ, инчунин ҷиҳози рахти хоб, дока, маводи табобатӣ барои анҷоми ҷарроҳӣ, таҷҳизоти нафаскашӣ, дигар маводи лозимӣ дастрас гардид. Барои эҳтиёҷмандон аз ҷониби Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ миқдори зарурии доруворӣ ва маводи озуқа ворид гардид.Хатти об барои 90 оилаБадахшон, 9 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа барои 90 оила хатти об кашида шуд. Сокинони деҳа аз анҷоми ин амал хеле хушҳол гардидаанд, зеро солҳои зиёд аз набудани оби ошомиданӣ заҳмат мекашиданд. Хатти об бо имдоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон кашида шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






