Чораҳои таъсирбахши сармоягузорӣ
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи аввали соли 2012 бо мақсади беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъсирбахши сармоягузориро амалӣ намуд. Кумита пеш аз ҳама «Барномаи беҳтаргардонии ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2015», пешниҳод оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри заминро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ намуд. Дар ин давра лоиҳаи Қонун «Дар бораи қаъри замин ва истифодаи қаъри замин», лоиҳаи Қонун «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин»-ро таҳия намуд. Ин тадбир имкон дод, ки воридоти сармоягузории мустақим танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ дар соҳаи саноат 4,4 млн. доллар, алоқа-43,4, сохтмон-2,6 ва хизматрасонии молиявӣ 10 млн. доллари амрикоиро ташкил диҳад. Дар айни замон 21 давлати ҷаҳон сармоягузории мустақимро ба Тоҷикистон идома медиҳад,- иброз дошт муовини аввали раиси кумитаи мазкур Анвар Наҷмиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






