Чорабиниҳои варзишӣ дар моҳи сентябр
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бо мақсади тарғиби варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва бадминтон байни варзишгарони маъюб аз 22 то 23 сентябри соли 2012 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон мусобиқаи кишварии варзиши сабук, тенниси рӯйи миз ва бадминтон миёни варзишгарони аз 18 сола боло гузаронида мешавад. Дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳри Душанбе (1-даста), ноҳияҳои тобеи марказ (1-даста), вилояти Хатлон-1(1-даста), минтақаи Қурғонтеппа, вилояти Хатлон-2 (1-даста), минтақаи Кӯлоб ва вилояти Суғд ( 1-даста) иштирок мекунанд. Ҳамчунин аз 4 то 5 сентябри соли равон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд байни ҷавонон чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини камарбандии тарзи классикӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






