Дар Хуросон 30 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ то давраи соли 2015» имрӯзҳо бунёди корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ идома дорад. Моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корхонаҳои хурди навбунёди истеҳсоли оҳак — ҶДММ «Равшан», ҶДММ «Муҳаммад Идрис» ҶДММ «Абӯтолиби Бахтиёр» бо фаъолияти мавсимӣ ба кор шурӯъ карданд. Дар ин корхонаҳо 10 нафарӣ (дар маҷмӯъ 30 нафар) бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд. То имрӯз дар ҶДММ «Абӯтолиби Бахтиёр» 60 тонна, дар ҶДММ «Равшан» ва ҶДММ «Муҳаммад Идрис» 30 тоннагӣ оҳак истеҳсол шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи ҳар корхона 600 тоннаро ташкил медиҳад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






