Дар Ёвон боз якчанд иншоот бунёд мешавад

Август 4, 2012 13:14

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар ҷараёни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли либосҳои бачагона, ки бо иқтидори истеҳсолии 10 ҳазор сару либос дар як сол бунёд хоҳад шуд, шинос гардид.Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ, ки бунёди корхонаи дӯзандагӣ, бофандагӣ ва маркази савдо дар назар аст, 200 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғл фаро гирфта хоҳанд шуд.Ин иншооот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоев Илҳом бунёд ёфта, мақсад аз он бо шуғл фаро гирифтани бошандагони ноҳия, соҳиб шудани бозори дохилӣ дар самти истеҳсолу фурӯшӣ либосҳои мактабӣ ва ниҳоят посух ба таваҷҷӯҳу дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дастандаркорони ин иқдом арзи сипос карда, ташаббуси мазкурро қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ кард.Тибқи маълумот арзиши сохтмони иншоот 1 млн доллар буда, корҳои омода намудани майдончаи зери сохтмон 100% иҷро гардидааст ва рехтани таҳкурсиҳои иншоот босуръат идома дорад. Аз рӯи лоиҳа дар корхона ошхона барои коргарон, сехи дӯзандагӣ, сехи рангуборкунӣ, намоишгоҳ ва дигар сехҳои ёрирасон пешбинӣ шудааст. Дегҳои буғии корхона тавассути сӯзишвории ангишт фаъолият хоҳанд кард.Ҳамчунин, соҳибкор Мирзоев Илҳом дар шафати ин коргоҳи бунёдшаванда толори варзишии «Ваҳдат»-ро бунёд намудааст, ки Сарвари Давлат ба расми фаъолияти он оғоз бахшид.Бояд гуфт, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон, ки моҳи декабри соли 2010 доир гардида буд, ба рушди соҳаи варзиш дар ноҳияи Ёвон такона тоза бахшид.Ҳамин тариқ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин толори варзишӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазонида шудааст, идомаи татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон мебошад. Дар рафти мулоқот Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони варзишгарони ноҳия, аҳамияти сарукор доштан бо варзишро бори дигар махсус таъкид кард ва онро омили аслии инкишофи ҷисмонӣ, солимии руҳу тан ва фишанги асосии нагаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои зидди ахлоқӣ унвон кард.Хабар дода шуд, ки барои бунёду фароҳам сохтани имконот дар ин маҷмааи варзишӣ 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ истифода гардидааст. Бинои мазкур сеқабата буда, аз толори обу тоби бадан ва толор барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун иборат мебошад. Алҳол дар толорҳои мазкур зиёда аз 300 нафар ҷавонон аз рӯи намудҳои гӯштини самбо, дзюдо ва тоэквондо машғули тамрин мебошанд, ки нозукиҳои соҳавиро ба варзигарон 14 нафар устодон меомӯзонанд.

Август 4, 2012 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд