Деҳот обод мешавад
Рашт, 23 август . (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тагоба 4 китобхона, 5 мактаби таҳсилоти миёна, 1 клуб, 6 нуқтаи савдо, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, дар хизмати мардуманд,-гуфт зимни сӯҳбат раиси ҷамоати деҳот Мирзоалӣ Мақсудов. Ба қарибӣ дар маркази деҳот бинои маркази савдои замонавӣ аз тарафи соҳибкор Маҳмадамин Каҷкулоев ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маркази савдо нарх нисбат ба дигар мағозаҳои атроф арзонтар буда, 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. То ҷашни 20- солагии иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ташкили боз як сехи дӯзандагӣ барои таъмини занон бо ҷойи кори доимӣ дар назар аст,- иброз дошт раиси ҷамоат М.Мақсудов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






