Дирк Нибел: Олмон лоиҳаҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии федералии Олмон Дирк Нибелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федералии Олмон таҳлилу баррасӣ гардид ва зикр шуд, ки бояд равобити ин ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мухталиф беш аз пеш тақвият дода шаванд. Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва тандурустиро ба манфиати ҳар ду тараф арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки барои беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум бояд дар ин самт кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд. Дирк Нибел иброз дошт, ҷониби Олмон ҳар як тасмимеро, ки ба манфиати минтақа гирифта мешавад, дастгирӣ намуда, инчунин ба Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






