Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 80 сола мешавад
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, рушди илми муосир, тарғиби тамаддуни миллӣ хеле назаррас аст. Нимаи дуюми моҳи октябри соли равон ҷашни 80- солагии ин боргоҳи маърифат ботантана гузаронида мешавад. Ҳамчунин бахшида ба ин сана дар назди бинои нави таълимӣ нимпайкараи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта мешавад.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.«Нақшаи чорабиниҳои таҷлилӣ таҳия гашта, мувофиқи он дар давоми моҳҳои сентябр-октябр гузаронидани ҳафтаи факултаҳо, вохӯриҳо ва маҳфилҳои саволу ҷавоб бо олимони варзида, хатмкунандагони солҳои мухталиф, тарғиб ва нашри мақолаҳо оид ба комёбиҳо, ба навор гирифтани филми ҳуҷҷатӣ, таъмири хобгоҳҳои донишҷӯён, ба чоп омода намудани монографияи илмӣ, китоби «Қомуси олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», барпо намудани конфронсҳои илмию назарӣ ва дигар тадбирҳо дар назар аст», илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






